Tajikistan News

Нахустин гирифторони ҳантавирусро аз киштии Ҳолландӣ пиёда карданд

Нахустин мусофирон аз киштии MV Hondius ба Тенериф интиқол ёфтанд. Барои ҳама карантини 42-рӯза тавсия шудааст.

Рӯзи якшанбеи 10-уми май гурӯҳҳои мусофирон ва маллоҳон аз як киштии сайёҳӣ, ки ба хуруҷи ҳантавирус дучор шуда буданд, ба кишварҳои худ интиқол дода шуданд.. Ин раванд аз ҷониби масъулони бахши тандурустии ҷаҳонӣ назорат карда мешавад ва интизор меравад, ки то поёни 11 май ин кор ба анҷом мерасад.. Мусофирон ва маллоҳоне, ки ба ҳантавирус гирифтор шуданд, аз киштии саёҳӣ як-як берун омаданд.. Рӯзи якшанбе онҳо аз киштии Ҳолландии MV Hondius, ки дар назди соҳил лангар андохта буд, ба ҷазираи Тенерифи Испания интиқол ёфта, аз он ҷо ба кишварҳояшон бурда шуданд.. Ин раванд, ки аз ҷониби ниҳодҳои ҷаҳонии тандурустӣ назорат мешавад, интизор меравад то рӯзи душанбе идома кунад.. Ҳарчанд онҳое, ки киштиро тарк карданд, ҳеҷ нишонаи гирифторӣ ба вирусро надоштанд, онҳоро бо автобусҳои низомӣ ба фурудгоҳи Тенериф бурданд, то аз он ҷо ба ҳавопаймоҳое, ки ҳукуматҳояшон фиристода буданд, савор кунанд.. Мақомоти Тенерифи таъкид карданд, ки мусофирон бо мардум тамос нахоҳанд дошт.. Созмони ҷаҳонии беҳдошт барои ҳамаи мусофирон карантини 42-рӯзаро тавсия додааст.. Мария Ван Керхове, иҷрокунандаи вазифаи раҳбари Департаменти идоракунии хатари эпидемияи СҶБ гуфт, “мо инро ба ихтиёри худи кишварҳо мегузорем, ки сиёсати худро пеш баранд.. Аммо тавсияи мо хеле рушан аст ва ин аслан як чораи эҳтиётӣ барои аз байн бурдани ҳама гуна имкони сирояти вирус ба дигарон мебошад”.. Ҳантавирус бори аввал рӯзи 2 май ва 21 рӯз пас аз марги нахустин мусофир ошкор шуд.. Вирус одатан тавассути мушҳо паҳн мешавад, аммо дар ҳолатҳои истисноӣ метавонад аз одам ба одам сироят намояд.. Вазорати тандурустии Испания гуфт, ки дар киштӣ ягон ҷонвари хоянда пайдо нашудааст.. Ба гуфтаи СҶБ, сироятёбӣ шояд пеш аз савор шудан ба киштӣ, ҳангоми сафар дар Амрикои Ҷанубӣ рух дода бошад, аммо авҷи минбаъдаи он эҳтимол дар киштӣ ба амал омадааст.. Рӯзи ҷумъа оҷонсии тандурустӣ гуфт, ки дар киштии саёҳӣ ҳашт нафар бемор шуда се нафарашон фавтидаанд.. Ташхиси шаш нафар гирифториашон ба ин вирусро тасдиқ кардааст.. Нерӯҳои бритониёӣ тариқи чатр ё парашют як гурӯҳи мутахассисонро ба ҷазираи дурдасти Тристан-да Кунҳа интиқол доданд, то ба як нафари гумонбар ба ин беморӣ кӯмаки тиббӣ расонад.. Фарди беморе, ки дар киштӣ қарор дошт, шаҳрванди Бритониё буда, дар ин ҷазира зиндагӣ мекунад.. Оҷонсии беҳдоштии ҷамъиятии Аврупо эълон кард, ки ҳамаи мусофирони MV Hondius дорои хатари баланди сироятёбӣ мебошанд.. Бо вуҷуди ин, ба таъкиди оҷонсӣ, хатари он барои аҳолӣ кам аст.. Сӣ маллоҳ дар MV Hondius боқӣ хоҳанд монд ва барои безарар кардани киштӣ ба Нидерландия сафар хоҳанд кард.

ҳантавирус, MV Hondius, Тенериф, карантини 42-рӯза, СҶБ, Испания

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Are you human? Please solve:Captcha


Secret Link