Афғонистониҳо дар Тоҷикистон то рафт “бегонатар” мешаванд?

Мавҷи нави ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистон, ки баъд аз як ҳодисаи ҷиноятӣ оғоз шуд, нигарониҳоро дар бораи вазъи паноҳҷӯён ва тағйири муносибати мақомот ба онҳо афзоиш додааст.
Дари чанде аз дӯконҳои Бозори Неъматулло, маъруф ба “Афғонбозор”-и шаҳри Хуҷанд як ҳафта боз баста аст.. Соҳибони ин нуқтаҳои савдо зодагони Афғонистон буданд, ки ба эҳтимоли зиёд ба кишварашон баргаштаанд ё ихроҷ шудаанд.. Бархе соҳибкорони ин бозор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, телефони ҳамкорони афғонашон кор намекунад ва дақиқ намедонанд, ки онҳо куҷоянд.. Моликони бозор мегӯянд, ки шартномаи ҳамкорӣ бо ин тоҷирон қатъ нашудааст.. Дар даҳ рӯзи охир шумори зиёди шаҳрвандони Афғонистон, ки дар шимоли Тоҷикистон иқомат дошта, дар риштаҳои гуногун кор мекарданд, маҷбуран ба ватанашон баргардонида шуданд.. Танҳо аз як ширкати сохтмонӣ дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд ҳафтаи гузашта наздик ба 50 коргари афғонистонӣ ба кишварашон фиристода шуданд.. Як масъули ин ширкат ба шарти фош нашудани номаш гуфт, ки феълан сохтмон қатъ шуда, ин вазъ фаъолияти онҳоро номуайян кардааст.. Ҳамчунин ӯ гуфт, ки аксари сохтмончиён санади будубош ва раводид доштанду ба ягон қонунвайронкунӣ роҳ надодаанд.. Чанд коргари афғонистонӣ, ки дар як ширкати роҳсозии марбут ба чиниҳо дар Конибодом кор мекарданд, низ ба кишварашон баргаштаанд.. Шумораи дақиқи афғонистониҳое, ки баъди 4-уми май аз вилояти Суғд ихроҷ шуданд, маълум нест.. Мақомот ин мавзуъро расман шарҳ намедиҳанд.. Бино бар иттилои дарёфтӣ, то аввали моҳи май 47 хонаводаи афғонистониҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов зиндагӣ мекарданд, ки ҳоло дигар дар хонаҳояшон нестанд.. Танҳо он афғонистониҳое дар шимоли кишвар мондаанд, ки бо шаҳрвандони Тоҷикистон оиладор шудаанд.. Шумори онҳо хеле кам гуфта мешавад ва пайвандонашон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳуҷҷатҳояшонро мақомоти амниятӣ гирифтаанд ва тақдири будубошашон дар Тоҷикистон номаълум аст.. Ҷазои дастҷамъона?. Ихроҷи даҳҳо паноҳҷӯ аз вилояти Суғд дар аввали моҳи май ба дунболи боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо иттиҳоми куштор сар шуд.. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 3-юми май дар сомонааш навишт, Раҳмони Муҳаммадумари 22-сола ба куштори Азиза Воҳидоваи 29-сола гумонзад аст.. Дар хабари расмии ВКД аз ин ҷавон ҳамчун “афғони хунхор” ном бурда шуд ва ҳамин чиз баҳсҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба ин танқидҳо посух надод.. Исфандиёри Одина, рӯзноманигори тоҷики муқими Лондон мегӯяд, “ҷурму ҷиноят қавму миллат намешиносад, мумкин аст аз сӯи ҳар касе аз ҳар қавму нажоде иттифоқ биюфтад.. Аммо ин далел намешавад ҳамаи афроди он қавмро гунаҳкор кунед.. Бавижа аз сӯи як ниҳоди давлатии муътабар, ки худаш бо қонун ва ҳуқуқ сару кор дорад ва бояд ҳеч лағзише дар ин маврид дар каломаш набошад”.. Аз Суғд то Ваҳдат Ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ баъд аз вилояти Суғд, дар шаҳри Ваҳдат идома кард.. Бахши дарии радиои Би-би-си 7-уми май хабар дод, ки 110 муҳоҷири афғонистонӣ аз шаҳри Ваҳдат ба шаҳри Кундузи Афғонистон ихроҷ шуданд.. Яке аз ин паноҳҷӯён дар суҳбат ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, “шумораи зиёде боздошт шуданд ва теъдоди зиёди онҳо маҷбурӣ ба Афғонистон ихроҷ шуданд.. Ва ин амал ҳанӯз ҳам идома дорад.. Агар мо ба Афғонистон биравем, зиндагии мо ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ мегардад”.. Зоҳир Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар номае ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ишора ба ин мавзуъ навишт, “умед меравад, ки масъулияти аъмоли фардӣ ба тамоми ҷомеаи муҳоҷирон, ки аксари қотеъи онон қонунмадор ва қадрдони кишвари мизбон мебошанд таъмим (ҷанбаи ҳамагонӣ Р.О.) дода нашавад”.. Баъзе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ихроҷи гуруҳе аз муҳоҷирони афғонистониро баъди боздошти як нафар, ба рафтори пулиси Русия ташбеҳ доданд.. Исфандиёри Одина, рӯзноманигори тоҷики муқими Лондон мегӯяд, “ҳар кас масъули аъмоли худаш, фақат худаш аст, на хешу табор ё ҳамқавмонаш.. Муҷозоти ҷамъӣ барои аъмоли як нафар мамнӯъ аст.. Пас набояд дар фароянди иҷрои адолат худи ниҳодҳои давлатӣ қонунро зери по гузоранд ва даст ба беадолатӣ зананд.. Ин кор пайомадҳои баде дар ҷомеъа ҳам дорад.. Ба афзоиши бегонаситезӣ ва ё муҳоҷирситезӣ ҳам меанҷомад”.. Мақомоти Тоҷикистон ба ин танқидҳо посух надоданд.. Танҳо Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 10-уми май ихроҷи гуруҳе аз муҳоҷирони афғонистониро тасдиқ карда, гуфт, ин афрод қонунҳои кишварро вайрон карда, даст ба ҷиноят задаанд.. Дар изҳороти КДАМ, ки омори онро мустақилона тасдиқ кардан ғайриимкон аст, муҳоҷирони афғонистонӣ ба содир кардани ҷиноятҳои қочоқи маводи мухаддир, узвият дар созмонҳои мамнуъ, ҳаракатҳои бадахлоқона ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои қалбакӣ муттаҳам шудаанд.. Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи Комиссариати олии Созмони Милал дар умури гурезагон бенатиҷа буд.. Мо 5-уми май суолҳои худро ба Комиссариат фиристодем, аммо то лаҳза пахши ин гузориш посухе нагирифтем.. Сабаби аслӣ чӣ буда метавонад?. Тоҷикистон 30 соли ахир мизбони ҳазорон паноҳҷӯи афғонистонӣ буд.. Шумораи онҳо то соли 2022 бештар аз 14 ҳазор нафар гуфта мешуд.. Тибқи маълумоти ахири Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, феълан дар Тоҷикистон бештар аз 10 ҳазор муҳоҷири афғонистонӣ зиндагӣ мекунанд.. Намояндаи як ташкилоти ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқи паноҳҷӯён бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, муносибати ҳукумати Тоҷикистон ба паноҳҷӯён баъди соли 2021 ва баъди бозгашти Толибон ба қудрат тағйир ёфт.. “Шубҳа дар дурустии саргузаштҳои онҳо ва ё эҳтимолияти ҳамкорӣ бо Толибон яке аз далелҳои шадидтар шудани муносибати мақомот ба ин гурӯҳ шудааст.. Ташкилоти ҷамъиятӣ ҳам мегӯянд, ки онҳо гурӯҳи осебпазир ҳастанд.. Дар ҳақиқат, дар миёни онҳо ҷинояткорӣ зиёд аст, инчунин дар дохил хушунати хонаводагӣ доранд, дар даруни худашон одамоне ҳастанд, ки онҳоро мефурӯшанд, масалан, мегӯянд, ки “онҳо одамони Толибон ҳастанд, хешовандонашон Толибон ҳастанд, аз Тоҷикистон ба Афғонистон маблағ мефиристанд”.. Ба гуфтаи ӯ, аз рӯи қоидаҳои нонавишта Тоҷикистон мардонеро ба кишвар роҳ намедиҳад, ки синну соли хидмат дар артиш дошта ва муҷаррад бошанд.. “Афродеро, ки дар пуштибонии ақидаҳои Толибон гумонбар мешаванд, меронанд.. Масалан, шунидем, ки баъзе мардон дар байни паноҳҷӯён мегӯянд, “ҳоло шароит беҳтар мешавад, пеш коррупсия буд, ҳоло камтар аст, имконияти иқтисодӣ ва озодиҳо дар давраи Толибон беҳтар мешавад…” Ингуна нафаронро ба таблиғоту пуштибонӣ аз режими Толибон гунаҳгор мекунанд, чун дар Тоҷикистон ин ба моддаи экстремизм мувофиқат мекунад.. Одатан паноҳҷӯён мегӯяд, далели дар Тоҷикистон паноҳ ёфтанашон ин аст, ки Толибон онҳову наздиконашонро таъқиб мекунанд, ва агар хабар ёбанд, ки яке аз аъзои оилаашон тавассути Туркия ё Покистон ба Афғонистон озодона рафтуомад доштанд, ҳамчунин мавриди шубҳа қарор мегиранд”, – гуфт ин корманди созмони ҷамъиятӣ.
Афғонистон, Тоҷикистон, ихроҷ, муҳоҷирон, амният, Хуҷанд, паноҳҷӯён