Tajikistan News

Боздошти гумонбар дар парвандаи «устухонхӯрӣ» бо марги сарбоз — мӯҳри махфӣ

Дар Тоҷикистон парвандаи марги сарбозе бо «устухонхӯрӣ» зери мӯҳри махфӣ қарор гирифта, боздошти гумонбар хабар дода мешавад.

Ду манбаъи ҷудогона, ки аз рафти тафтиш огоҳ ҳастанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бо дастури Додситони низомии Тоҷикистон, ба ин парванда “мӯҳри махфӣ” зада шудааст.. Маълум нест, ки боздоштшуда кист ва бо марги ин сарбоз дақиқан чӣ иртибот дорад.. ЧАРО МӮҲРИ МАХФӢ?. “Парвандаро мӯҳри махфӣ заданд ва аз афроди огоҳ забонхат гирифтанд, ки аз рафти тафтишот ба касе чизе нагӯянд.. Ҳамин қадарашро медонем, ки як нафар боздошт шудааст.. Модару хоҳари сарбоз ҳамчун ҷабрдида эътироф шудаанд”,- гуфтанд манбаъҳо.. Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Кодекси мурофиавии ҷиноӣ, ба парвандаҳое мӯҳри махфӣ зада мешавад ва баррасии додгоҳии онҳо пӯшида мегузарад, ки дорои сирри давлатӣ бошанд.. Инчунин дар мавридҳое ба мисли мурофиаи афроди то 16-сола ва танфурӯшиву таҷовуз ба номус, парвандаро махфӣ мекунанд, то ҳувияти қурбониҳо ошкор нашавад.. Аммо манбаъҳои мо дақиқан нагуфтанд, ки бо кадом сабаб ба парвандаи марги сарбоз Ғолибҷон Иброҳимов мӯҳри махфӣ зада шудааст.. Додситонӣ низ дар ин бора хабар ва шарҳе нашр накардааст.. ШАРҲИ ҲОДИСА АЗ ЗАБОНИ МОДАРИ ҒОЛИБҶОН Ғолибҷон Иброҳимов дар қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи дар ноҳияи Ҳамадонӣ хизмат мекард ва рӯзи 25-уми апрели имсол дар бемористон фавтид.. Хонаводааш он вақт сабаби ҷон додани фарзандашонро фурӯ бурдани ноогоҳонаи устухон гуфта буданд.. Тӯтигул Эшонова, модари сарбози фавтида он вақт гуфта буд, шубҳа дорад, ки писараш ноогоҳона устухонро фурӯ бурда бошад.. Модари Иброҳимов гуфта буд, намедонад, писараш дар кадом шароит як устухони бузургро фурӯ бурдааст.. Ӯ ҳодисаро чунин шарҳ дод: “Бачам бемор шуд, телефон кард аз хидмат.. Телефон кард, ки очаҷон ман устухон хӯрдам, беморам.. Гуфтам чӣ гуна устухон хӯрдӣ, ту дар хона дохили хӯрокро мекофтӣ.. Гуфт, очаҷон устухон хӯрдам, аз болояш каме нон доданд, қай кардам, шифохона бурданд.. Гуфтанд, ки созӣ, устухон поён рафтааст.. Поён рафтааст, каме хунукӣ гирифтааст”.. Ғолибҷон Иброҳимов, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, баъди хатми Донишгоҳи миллӣ моҳи октябри соли 2025 довталабона ба артиш рафта, то рӯзи фавт дар ҳамин қисми низомӣ адои хизмат мекард.. МАРГИ 4 САРБОЗ ДАР ЯК МОҲ Давоми як моҳи охир ин бори чаҳорум аст, ки ҳалокати сарбозони тоҷик расонаӣ мешавад.. Исрофил Азимзодаи 25-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ, Ғолибҷон Иброҳимови 23-сола аз ноҳияи Ҳамадонӣ, Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзодаи 23-сола аз Файзобод ва Одилҷон Исломзодаи 19-сола аз Панҷакент давоми камтар аз якунимоҳи ахир ҳалок шуданд.. Дар пайи ҳалокати ин сарбозон, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 4 май аз мақомоти интизомӣ ва бахусус фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳ, хост, масъалаи тартибу низом дар воҳидҳои низомиро бисёр ҷиддӣ бигиранд.. Мақомот гуфтанд, сабаби марги онҳоро таҳқиқ мекунанд, аммо ҳомиёни ҳуқуқ бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро яке аз сабабҳои қасди ҷони худ кардани сарбозон ва ё ҳалок шудани онҳо медонанд.

устухонхӯрӣ, мӯҳри махфӣ, Додситонии низомӣ, Ғолибҷон Иброҳимов, боздоштшуда, сарбозон марг

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Are you human? Please solve:Captcha


Secret Link