Ҳамкории нави низомии Туркия ва Қазоқистон барои истеҳсоли паҳбод

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ва Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон созишнома дар бораи таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли паҳбодҳои ANKA-ро имзо карданд.
Дар ин бора сайти расмии раёсати ҷумҳури Қазоқистон хабар дод.
Паҳбоди ANKA аз сӯи ширкати туркии Aerospace Industries таҳия ва барои маъмуриятҳои шиносоӣ, назорат ва зарбазанӣ пешбинӣ шудааст.
Ин паҳбод аз соли 2013 ба ин сӯ мавриди истифода мебошад.
Паҳбоди ANKA тавони ҳамли 350 килограм борро дорад, метавонад то 30 соат дар ҳаво бимонад ва то 9000 метр дар баландӣ парвоз мекунад.Дар соли 2023 паҳбодҳои ANKA-S барои озмоишҳои низомӣ дар Қазоқистон пазируфта шуданд.
Туркия ба таври густурда паҳбодҳои ANKA-ро ба чандин кишвар дар Ховари Миёна ва Африқо содир мекунад.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия рӯзҳои 13-14 май ба Қазоқистон сафари давлатӣ анҷом дод.
Ӯ рӯзи 15 май дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони кишварҳои туркӣ, ки дар шаҳри Туркистони Қазоқистон баргузор шуд, иштирок кард.
Туркия, Қазоқистон, ANKA, паҳбод, ҳамкории низомӣ, Эрдуғон, Тоқаев