САВГАНДИ САДОҚАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН! Дар шаҳри Бӯстон савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид

Дар Бӯстон маросими савгандёдкунии наваскарон бо иштироки волидон ва масъулин доир шуд.
ДУШАНБЕ, 15.05.2026 /АМИТ «Ховар»/.. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дар майдони Нишони давлатӣ бо иштироки масъулин ва волидон маросими бошукуҳи савгандёдкунии наваскарон доир карда шуд.. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.. Иттилоъ дода шуд, ки ҳамоиш рамзи садоқат ба Ватан-Модар ва омодагии ҷавонон ба ҳифзи марзу буми мамлакатро ифода намуд.. Таъкид гардид, ки савганди ҳарбӣ рукни муҳим буда, ҳар афсару сарбоз бо ёд намудани он минбаъд давоми хизмат тамоми вазифаю уҳдадориҳоро сарбаландонаю софдилона иҷро менамояд.. Имрӯз ҷавонони далеру шуҷои Ватан барои ободии Тоҷикистон, таҳкими амнияту субот ва пешрафти рӯзафзуни мамлакат кӯшиш намуда, қарзи фарзандияшонро дар назди Ватан – Модар ба таври шоистаю намунавӣ иҷро менамоянд.. Наваскарон бо нидои садоқат ба Ватан савганди ватандӯстӣ ёд намуданд.. Ҳамчунин дар назди шаҳрвандон ва ҷавонони синни даъватӣ машқҳои ҳарбӣ намоиш дода шуданд.. АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон
савгандёдкунии наваскарон, Бӯстон, садоқат ба Ватан, Ватан-Модар, машқҳои ҳарбӣ, ҷавонон, амният ва субот