Tajikistan News

Ҳамкории нави телевизионии Тоҷикистону Чин: Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Тоҷикистон ва Чин дар доираи сафари давлатии президент ба ҳамкории стратегӣ дар соҳаи ВАО ва табодули технологияҳои муосири телевизионӣ даст ёфтанд.

ДУШАНБЕ, 14.05.2026 /АМИТ «Ховар»/.. 12 май дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медиакорпоратсияи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин санад бо мақсади рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи телевизион ва радио, таҳияи муштараки маводи аудиовизуалӣ, табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкории соҳавӣ ба имзо расонида шуд.. Тибқи ин санад ҷонибҳо дар самти таҳияи муштараки барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, аз ҷумла гузоришҳои мавзуӣ, филмҳои мустанад ва дигар маводи аудиовизуалӣ ҳамкорӣ менамоянд.. Ҳамзамон он ба густариши ҳамкории соҳавӣ ва таҳкими мавқеи воситаҳои ахбори оммаи ду давлат дар фазои байналмилалии иттилоотӣ мусоидат менамояд.. Дар доираи ҳамкории техникӣ ва технологӣ ҷонибҳо барои рушди иқтидори техникӣ ва технологӣ дар самти пахши телевизионӣ ва радиоӣ ба ҳамдигар мусоидат менамоянд.. Самт ва шакли ҳамкорӣ вобаста ба имконият ва мувофиқаи ҷонибҳо муайян мегардад.. Инчунин дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ табодули таҷрибаи касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандон пешбинӣ шудааст.. АКС: АМИТ «Ховар

Тоҷикистон, Чин, Телевизион, Радио, Ёддошти тафоҳум, ҳамкории медиавӣ, Эмомалӣ Раҳмон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Are you human? Please solve:Captcha


Secret Link