Tajikistan News

Ёдоварии «Эътилофи озодии расонаҳо»: Улфатхоним Мамадшоева дар рӯйхат

Эътилофи озодии расонаҳо дар рӯйхати «10 ҳолати фавқулодда фаврӣ» аз рӯзноманигори тоҷик Улфатхоним Мамадшоева ёд кард.

Маҷаллаи амрикоии Time рӯйхати тартибдодаи Эътилофи озодии расонаҳоро нашр кардааст, ки дар он аз рӯзноманигори зиндонии тоҷик Улфатхоним Мамадшоева ёд мешавад.. Парвандаи Мамадшоева дар рӯйхати “10 ҳолати фавқулодда фаврӣ” шомил карда шудааст.. Ба ин тартиб, Эътилоф таваҷҷуҳро ба рӯзноманигороне ҷалб кардааст, ки ба хотири талоши ҳақгӯӣ мавриди таъқиб қарор гирифтаанд.. Эътилоф барои озодии расонаҳо – як эътилофи байналхалқист, ки даҳҳо расона аз саросари дунё – аз ҷумла “Ал-Ҷазира”, “Форбс”, “Рейтерз”, “Вашингтон Пост”, “Ню-Йорк Таймс” ва ғайра шомили он ҳастанд.. Эътилоф қазияи боздошту зиндонӣ шудан ва айбномаҳои Мамадшоеваро зикр кардааст.. Ба навиштаи Эътилоф, Мамадшоеваи 69-сола пеш аз зиндон шудан дар масоили фарҳангиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ матлаб таҳия ва дар расонаҳои мухталиф нашр мекард.. Эътилофи озодии расонаҳо гуфтааст, барои ҳимоят аз 10 рӯзноманигоре, ки номашон дар рӯйхат зикр шудааст, талош мекунад.. Дар рӯйхати мазкур инчунин рӯзноманигорони зиндонӣ аз Эрон, Ҳонконг, Ветнам, Чин, Озарбойҷон ва дигар кишварҳо шомил шудаанд.. Улфатхоним Мамадшоева соли 2022 дар пайи саркӯби эътирозҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) бо айбномаи ташкили тазоҳурот дар Хоруғу Рӯшон ва иттиҳомоти дигар ба 21 соли ҳабс маҳкум шудааст.. Ҳамагӣ чанд соат пеш аз дастгир шуданаш дар моҳи майи он сол худаш ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҷинояте накардааст ва ҳеч гуноҳ надорад.. Мурофиаи вай паси дарҳои баста гузашта, ягон далели боварбахши қонуншикании ӯ ба ҷомеа пешкаш нагардид.. Бино ба иттилои маҳдуд аз дохили зиндон, Мамадшоева аз фишорбаландӣ ва дарди чашм шикоят мекард ва мақомоти идораи зиндонҳо соли 2024 гуфтанд, ёрии зарурии тиббиро дастрас мекунанд.. Аммо дар як соли гузашта 7 маҳбус дар Тоҷикистон ба иллати дастрас накардани кумаки тиббӣ даргузаштанд.

Улфатхоним Мамадшоева, озодии расонаҳо, Эътилофи озодии расонаҳо, ҳолатҳои фавқулодда фаврӣ, Радиои Озодӣ, ВМКБ, ҳуқуқи хабарнигорон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Secret Link