Tajikistan News

Қудрати як навор нақши шабакаҳои иҷтимоиро нишон дод

Имрӯзҳо шабакаҳои иҷтимоӣ бештар ба қудрате табдил мешаванд, ки метавонанд, мушкилиҳои воқеиро ҳал кунанд.

Азаттик Азия – бахши русии Радиои Озодӣ маъруфтарин ҳодисаҳоеро дар Осиёи Марказӣ ҷамъ овард, ки вокуниши шабакаҳои иҷтимоӣ раванди ҳодисаҳоро тағйир доданд, мансабдорон ва мақомоти қудратиро водор ба иқдом намуданд, ҳисси адолатро бедор карданд ва имкони расонидани фарёдро ба гӯши онҳое фароҳам оварданд, ки одатан худро ба “карӣ” мезаданд.

Ин мақола дар бораи он аст, ки чи гуна як навор метавонад, ҳазорон нафарро атрофи бадбахтии каси дигаре муттаҳид созад ва кумаки воқеиро ба роҳ монад.

Як наворе, ки тасодуфан сабт шудааст, метавонад ба таври фаврӣ ба ҳазорон саҳифа роҳ ёбад ва таваҷҷуҳи одамонро ба ҳодиса ҷалб кунад: маблағ ҷамъ оваранд, ба хонаводае кумак расонанд, ки бесарпаноҳ мондааст, ба ҷустуҷӯи одами нопадидшуда бароянд, мақомотро водор ба вокуниш кунанд.

Ба он талошҳое, ки пештар моҳҳо вақт сарф мешуд, акнун ҳамагӣ чанд соат ва ё чанд рӯз кофист.

Ин ҳама ба баракати ҳамроҳшавии корбароне аст, ки омодаанд на танҳо тамошобин бошанд, балки иқдом кунанд.

Тасодуфӣ нест, ки худи корбарон ин падидаро кӯтоҳ “қудрати шабакаҳои иҷтимоӣ” меноманд.

Бадрафторӣ бо марди имкониятҳояш маҳдуд ва “пранк” Яке аз таъсирҳои чашмраси шабакаҳои иҷтимоӣ имкони дар мижжа задан ҷалб кардани таваҷҷуҳи мақомоти қудратӣ ба беадолатиҳост.

Моҳи апрели имсол дар саҳифаҳои корбарони тоҷикистонӣ дар Фейсбук наворе паҳн шуд, ки хашми корбаронро овард.

Дар он дида мешуд, ки се ҷавон дар дохили мошин нисбати як марди дорои имкониятҳои маҳдуд бадрафторӣ мекунанд: яке аз онҳо ба узвҳои таносулӣ ва дигар узвҳои мард даст мерасонад.

Оне, ки навор мебардорад, хандаи қаҳқаҳа мекунад.

Корбарон талаб карданд, ки гунаҳкорон пайдо ва ҷазо дода шаванд.

Рӯзи дигар кормандони пулиси шаҳри Душанбе шахсияти иштирокдорони ҳодисаро муайян ва ронандаи мошин ва як ноболиғро боздошт карданд.

Ҳардуи онҳо сокини шаҳри Ҳисор будаанд.

Ҳодисаи ба ин монанд, аммо бо анҷоми дигаргуна, моҳи апрел дар Узбекистон рух дод.

Он замон дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки ду мусофир ронандаи таксиро таҳқир мекунанд, ки ба гуфтаашон, ношунаво будааст.

Ба иттилои корбарон, ин ду мард таксӣ даъват кардаанд ва барои бурдани онҳо электромобил омадааст.

Дар дохили мошин огоҳие насб шуда буд, ки ронанда ношунаво аст, вале он ду мард инро нодида гирифта, ронандаро таҳқир ва дашном додаанд.

Видео ба таври фаврӣ дар Инстаграм ва Телеграм паҳн шуд.

Корбарон талаб карданд, ки шахсияти он ду мард ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Аммо тафтишот муайян кард, ки ин саҳна сохтакорӣ будааст.

Пулиси Самарқанд гуфт, се мард огоҳона “пранк” сохта, паҳн кардаанд.

Гузашта аз ин, муайян шудааст, ки ронанда ношунаво нест ва ҳуҷҷати ронандагӣ надоштааст.

Парванда ба додгоҳ ирсол, ронанда 8 рӯз ва ду мусофир 10-рӯзӣ ҳабси маъмурӣ шуданд.

Моҷарои духтари мактабхон аз Қизилурда Баъзан маҳз вокуниши иҷтимоӣ гардиши куллиеро дар ҳодисаҳое ба бор меорад, ки муддати дароз ҳалли худро наёфтаанд.

Чунин як ҳодиса дар Қазоқистон бо парвандаи духтари мактабхон аз Қизилурда рух дод.

Ҳодисаи даҳшатовар баъди он ба таври густарда паҳн шуд, ки ба интернет роҳ ёфт.

Ба гуфтаи модари хонанда, чанд моҳ духтари вай зери фишор буд: телефонашро гирифта, аз номи вай бо волидонаш мукотаба мекарданд, ба чатҳои хонаводагӣ дастрасӣ ёфта буданд ва духтарро таҳдид мекарданд, ки аксҳои шахсиашро паҳн хоҳанд кард.

Ба иттилои бунёди “НеМолчиKZ”, бадхоҳон духтар ва хонаводаашро тарс дода, худи ӯро ба фоҳишагӣ маҷбур мекарданд.

Духтар аз тарс чанд муддат хомӯш буд.

Вақте модараш аз ҳодиса огоҳ шуд, ба пулис муроҷиат кард.

Аммо кумаки воқеие наёфт.

Вазъият баъди он тағйир ёфт, ки ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд.

Нашру бознашр ва муҳокимаҳои интернетӣ таваҷҷуҳи ҷомеаро ба ҳодиса ҷалб кард.

Дар пайи фишори ҷомеа тафтиш шуруъ шуд: гумонбарон, ки то он замон озод буданд, ҳабс шуданд.

Моҳи апрели соли 2025 додгоҳ 9 касро аз 4 солу 8 моҳ то 7,5 зиндонӣ кард.

Сӯзандору ба нархи 1,4 млн доллар Аммо чашмрастарин паҳлуи “қудрати шабакаҳои иҷтимоӣ” – ин имкони муттаҳид кардани одамон атрофи бадбахтиҳои дигарон аст.

Дар Тоҷикистон мисоли онро метавон дар намунаи саргузашти Сулаймони хурдсол дид.

Корбарон барои табобати вай пул ҷамъ карданд.

Сулаймон аз як бемории нодире ранҷ мебурд, ки ин бемори метавонист, ӯро аз ҳаракат маҳрум созад.

Ягона давои дарди вай сӯзандоруи Zolgensma буд, ки наздики 1,4 млн доллар аст.

Хонаводаи Сулаймон ин маблағро надошт.

Аммо баъди нашри саргузашти вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаи ҷамъоварии маблағ барои Сулаймон шуруъ шуд.

Корбарон саргузашти ӯро бознашр мекарданд, блогерон ҳам ба ин маърака ҳамроҳ шуданд ва хайрия ҷамъ оварданд.

Ҷамъоварии маблағ моҳи декабри соли 2023 ба поён расид ва 9 апрели соли 2024 Сулаймон сӯзандоруи гаронқимматро гирифт.

“Нони оҳанин” ва хонаи нав Дар Тоҷикистон мисоли риққатовар ва намунавии дигари неруи шабакаҳои иҷтимоӣ ин саргузашти сокини шаҳри Кӯлоб Маҳбуба Ғаниева аст.

Саргузашти вай баъди нашри мустанади “Нони оҳанин” маъруф шуд, ки ин филм аз сӯи Радиои Озодӣ соли 2020 таҳия гардида буд.

Зан дар он филм аз зиндагии тоқатфарсояш нақл мекунад: баъди марги шавҳар дар соли 2012 вай аз ҳаққи иқомат дар манзили наздикони шавҳараш маҳрум шуд ва бе сарпаноҳ монд.

Аз он замон Маҳбуба бо ду духтари ноболиғ аз иҷора ба иҷора мекӯчид.

Барои таъмини хонавода вай оҳанпора ҷамъ мекарду мефурӯхт.

Манзилҳои муваққат, бесуботӣ ва кори тоқатфарсо ба саломатии вай зиён расониданд, аммо сарфи назар аз ин вай барои ояндаи кӯдаконаш талош мекард.

Баъди нашри навор сарнавишти Маҳбуба ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва вокунишро ба бор овард.

Корбарон наворро паҳн ва ба кумак даъват мекарданд.

Ба ин иқдом муҳоҷирон ва мардуми хайрхоҳ аз кишварҳои дигар ҳамроҳ шуданд.

Чанде баъд рӯйдоди боварнакардание рух дод: бо пулҳои ҷамъшуда барои ӯ хона хариданд.

Чаро шабакаҳои иҷтимоӣ ба неруи таъсиррасон табдил мешаванд?

Тавре таҷрибаи солҳои ахир нишон медиҳад, шабакаҳои иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ дигар танҳо фазои баҳсу баррасиҳо нестанд.

Онҳо дар бархе ҳолат тафтишотро метезонанд, сарнавишти одамонро тағйир медиҳанд, ҳазорон касро атрофи бадбахтии дигарон муттаҳид месозанд.

Коршиноси фановариҳои навин Рустам Гулов мегӯяд, шабакаҳои иҷтимоӣ ба “неруи воқеии шаҳрвандӣ”-е табдил шудаанд, ки бо афзоиши теъдоди корбарон таъсирашон бештар мешавад.

Ба гуфтаи вай, вокуниши ҷомеа дар шабакаҳои иҷтимоӣ имкони ҳам латма задан ба нуфузи касеро доранд ва ҳам тақвияти нуфузи касеро.

Рустам Гулов мегӯяд, таъсири муҳокимаи дастаҷамъӣ метавонад, одамонро ба таври фаврӣ атрофи масъала ва ё ташаббусе ҷамъ оварад.

Маҳз ба ҳамин хотир шабакаҳои иҷтимоӣ дар бештари маврид барои ҷалби таваҷҷуҳ ба мавзуъҳои муҳими ҷамъиятӣ, ба роҳ мондани кумак ва ҷамъоварии мавблағ истифода мешаванд.

“Бисёриҳо инро хуб дарк мекунанд ва аз ҳамин хотир, вақте ки ҷалб кардани таваҷуҷуҳ ба масъалае ё ташкилу ҷалби кумак зарур мешавад, рӯ ба шабакаҳои иҷтимоӣ меоранд”, – илова кард Рустам.

шабакаҳои иҷтимоӣ, навор, тафтишот, кумак, ҷиноят, Zolgensma, Сулаймон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Are you human? Please solve:Captcha


Secret Link