Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол муайян шуданд


Дар даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ якчанд ғалабаҳои муҳим ба даст омаданд.
ДУШАНБЕ, 05.05.2026.. /АМИТ «Ховар»/.. Бозиҳои даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расиданд.. Дар ин давр дастаи футболи КМВА-и шаҳри Душанбе пешсафиро пас аз даври ҳафтум низ идома медиҳад.. Бо бозии дастаҳои футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оғоз шуд.. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби 4 бар 1 ба фоидаи дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода хотима ёфт.. Ягона голи дастаи футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисорро Меҳрон Мадаминов ба нишон расонид.. Голҳои дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзодаро Абоммо, Шерзод Муҳаммадиев, Амирҷон Сафаров ва Нозим Бобоҷонов ба ҳадаф расониданд.. Шерзод Муҳаммадиев аз ҳайати дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода беҳтарин бозингар дониста шуд.. Дар бозии дигари давр дастаи футболи «Парвоз»-и Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд дар баробари дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо ҳисоби 2 бар 0 зафар ёфт.. Дар ин бозӣ дубли Квекудуан Даниел ғалабаи дастаи футболи «Парвоз»-ро таъмин намуд.. Квекудуан Даниел аз ҳайати дастаи футболи «Парвоз»-и Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд беҳтарин бозингари дидор эътироф шуд.. Рустам Хоҷаев бо дастаи футболи «Сардор»-и шаҳри Турсунзода дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» -и шаҳри Хуҷанд дар баробари дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 4 бар 3 мағлуб шуд.. Рисқибоев, Самандар Қодиров ва Худойдодов голҳои дастаи «Эсхата»-ро ба нишон расониданд.. Голҳои дастаи «Сардор»-ро Азимов, Абубакр Сулаймонов ва Хушвахтов ба ҳадаф расониданд.. Самандар Қодиров аз ҳайати дастаи футболи «Эсхата» беҳтарин бозингари вохӯрӣ дониста шуд.. Дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор дастаҳои футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бозӣ карданд.. Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор анҷом ёфт.. Ягона голи бозиро Салоҳиддин Иргашев ба нишон расонида, беҳтарин бозингари дидор эътироф шуд.. Дастаҳои футболи КМВА-и шаҳри Душанбе ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозӣ карданд.. Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе хотима ёфт.. Комрони Мирзохон ва Вайсиддин Сафаров аз дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе голҳоро ба ҳадаф расониданд.. Ягона голи дастаи «Истаравшан»-ро Файзиев ба нишон расонид.. Вайсиддин Сафаров аз ҳайати дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе беҳтарин бозингари дидор дониста шуд.. Дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар дастаҳои футболи «Вахш»-и шаҳри Бохтар ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дидор анҷом доданд.. Бозии марказии давр бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе хотима ёфт.. Рустам Соиров ва Содиқҷон Қурбонов аз ҳайати дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе голҳоро ба нишон расониданд.. Рустам Соиров аз ҳайати дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе беҳтарин бозингари дидор эътироф гардид.. Пас аз анҷоми бозиҳои даври ҳафтум дастаи футболи КМВА-и шаҳри Душанбе бо 16 имтиёз дар зинаи аввал аст.. Дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 15 имтиёз дар зинаи дуюм, дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо 14 имтиёз дар зинаи сеюм ва дастаи дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо 11 имтиёз чаҳоргонаи беҳтаринҳоро дар ҷадвали мусобиқа пур мекунанд.. Дастаҳои футболи «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо 5 имтиёз ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо 3 имтиёз дар озири ҷадвали мусобиқа қарор доранд.. Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ 8-9 майи соли 2026 дар вазишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд.. «Регар-ТадАЗ» – «Эсхата» «Ҳосилот» – «Хуҷанд» 9 май | 18:00 «Равшан»– «Истаравшан» «Парвоз» – «Вахш» 10 май | 18:00 «Сардор» – КМВА «Истиқлол» – «Барқчӣ» Меҳрони ҚУРБОН, шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон