Tajikistan News

Пойбандӣ ба Чин “барои ояндаи муштарак”?

Дар сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чин садҳо санад ба имзо расид. Таҳлилгарон аз имкони ҷалби сармоя мегӯянд, вале иҷрои ваъдаҳо муҳим аст.

Дар сафари давлатиии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин чӣ дар сатҳи ду давлат ва чи ширкату ниҳодҳо даҳҳо қарордоду ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ҳаҷми умумии онҳо 8 миллиард доллар баровард шуд.. Ду тараф ба ҳамдигар ваъдаи дӯстии ҷовидона доданд ва гуфтанд, омодаанд, дар ҳамаи самтҳо ҳамкорӣ кунанд.. Расонаҳои расмии ду ҷониб натиҷаҳои ин сафарро оғози як марҳилаи нави ҳамкориҳои дуҷониба номиданд.. Тоҷикистон чӣ мехост?. “Сармояҳои бештар,” мегӯяд Рид Стендиш, як таҳлилгари масоили Чин дар Радиои Озодӣ ва меафзояд, агар ин ваъдаҳо иҷро шаванд, метавон гуфт, Тоҷикистон ба хостаҳои худ расидааст.. Шореҳи иқтисодии бунгоҳи расонаии Азия-Плюс Пайрав Чоршанбиев мегӯяд, созишҳои нав бо Чин барои ҷалби бештари сармоя ба бахшҳои энержӣ, саноат, тарҳҳои рақамӣ, таъминот ё логистика ва соҳаи кишоварзии Тоҷикистон равона шудаанд.. “Вале манфиати амалии онҳо аз он вобаста мешавад, ки аз ин 8 миллиард доллар изҳороте, ки карда шудааст, чӣ қадараш ба ҳайси сармоя ва дигараш чун қарзу грант ворид мешавад ва чӣ миқдораш дар коғаз мемонад”.. Чоршанбиев мегӯяд, аксар санадҳои имзошуда ҳанӯз созишномаҳои ҳуқуқӣ нестанду бештар ҳусни ният мебошанд ва аз ин рӯ маълум нест, кадоме аз онҳо қувваи амалӣ касб мекунанд.. “Вале дар умум, Чин шарики калидии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон аст, – мегӯяд иқтисодшинос Чоршанбиев.. – Аз назари сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон Чин аз дигар кишварҳои донор хеле пешқадамтар аст ва ҳаҷми сармояҳояш ба 6 миллиард доллар мерасад.. Аз ин 3,5 миллиард доллараш сармояҳои мустақим буда, дар Тоҷикистон 700 ширкат бо сармояи чинӣ ҳузур доранд”.. Чин қарздиҳандаи калонтарини Тоҷикистон буда, тақрибан сеяки қарзи берунаи Тоҷикистон ба Чин рабт дорад.. Соли 2025 ин кишвар донори азимтарин ёриҳои башардӯстонаи Тоҷикистон буд ва 35,6%-и ҳаҷми умумии ин ёриҳоро фароҳам намуд, менависад таҳлилгар.. Ба ҳайси шарики тиҷоратии азимтарини Тоҷикистон, аз чор як қисмати муомилаҳои берунии Тоҷикистон ҳам ба Чин марбут аст.. Ҳуши маснӯӣ ва тавозун дар тиҷорат Ба ақидаи Рид Стендиш, Тоҷикистон ҳамчунин талош дорад камбуди ҷиддии худ дар ҳамкории нобаробараш бо Чин – фосилаи калони миёни содиротро ҳам камтар гардонад.. Ӯ мегӯяд: “Дар масъалаи воридоту содирот, номувозинати тиҷорат байни тарафҳо як чизи маъмулист ва барои кишварҳое, ки бо Чин тиҷорати зиёд доранд.. Чин кишвари азими фурӯшандаи маҳсулот аст ва ба пайдо кардани бозорҳои васеъ эҳтиёҷ дорад.. Тоҷикистон ҳам истисно нест, зеро маҳсулоти бисёри чиниро мехарад.. Онҳо ҳам мехоҳанд, Чин маҳсулоти бештари Тоҷикистонро бихаранд, то тавозун дар тиҷорат ба вуҷуд биёяд ва ба манфиати тарафайн бошад”.. Стендиш мегӯяд, талоши Тоҷикистон барои ба даст овардани созишномаҳои қавӣ дар соҳаи рушди ҳуши маснӯӣ ҳам қобили дарк аст ва ин тамоюл дар тамоми ҷаҳон мушоҳида мешавад ва маълум аст, ки дар ин самт ба Чин такя мекунад.. “Дӯстии абадӣ»?. Таҳлилгари ғарбӣ дар бораи шиори аз як сӯ ғайримаъмулии “дӯстии абадӣ ва адами душманӣ” гуфт, барои Чин ин як ҳарфи маъмулӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони наздикаш аст ва ин навбат, ин паём барои Тоҷикистон аҳамияти бештар дорад.. Ҳарчанд Чин ҳам дар аксари сармоягузориҳояш дар Тоҷикистон шиори “Барои ояндаи муштарак”-ро насб мекунад.. “Масалан бо Покистону Сербистон чунин буд, – гуфт ӯ.. – Маъмулан ин як аломати амиқрафти ҳамкориҳо аст.. Чину Тоҷикистон тарафдори ҳамкориҳои дарозмуддат ҳастанд ва барои Тоҷикистон ингуна шиорҳо муҳиманд, зеро як аломати он аст, ки кишвар як ҷойи амнест, ки сармоягузорони чинӣ метавонанд, биёянд.. Ва ҳамин як ҳадафи аслии Тоҷикистон аз ҳамкориҳо бо Чин аст.. Ҳадаф ба даст овардани сармояҳои зиёди Чин ва ҳарчӣ бештар ба Тоҷикистон овардани ширкатҳои чинӣ аст».. Манфиати гурӯҳҳои наздик ба ҳукумат Таҳлилгар Темур Умаров мегӯяд, аз бархе санадҳои имзошуда дар Пекин эҳсос мешавад, ки ин навбат ҳам манфиати бархе гурӯҳҳои наздик ба ҳукумат ба инобат гирифта мешаванд, онгуна, ки дар гузашта бо мошинҳои барқӣ дида шуд.. Умаров, ки аз Берлин бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт: «Намунаҳои он вуҷуд дорад, ки сиёсати шаҳрдори Душанбе ба ширкатҳои истеҳсолкунандаи мошинҳои барқии чинӣ имкониятҳои беҳтаринро дар бозори мусофиркашии пойтахти Тоҷикистон фароҳам кардааст.. Ин имконият баъди он даст дод, ки Рустами Эмомалӣ амре содир намуд, ки ҳамаи таксиҳои пойтахт бояд барои хидматрасонӣ ба мусофирон ба мошинҳои барқӣ гузаранд.. Ба назари ман, ин як намунаи барҷастаи он аст, ки чӣ гуна ширкатҳои чинӣ бо ёрии раҳбарияти давлат дар бозори мусофирбарҳои пойтахт мавқеи монополиро касб карданд.. Вақте мо ба санадҳои имзошуда дар сафари президенти Тоҷикистон нигоҳ кунем, мебинем, ки робитаҳои қавии миёни сиёсатмадорону манфиатҳои ҷудогонаи элитаи тиҷоратии Тоҷикистон мушоҳида мешавад».. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Умаров, бояд дид, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар ояндаи наздик дар соҳаи амният чӣ гуна пеш мераванд, ва бисёр чиз аз қарорҳои нави ҳукумат ва парлумон дар Тоҷикистон аён хоҳад шуд.. Ҳарду кишвар бештари масоили ҳассос ва вобаста ба амнияти миллиро пардапӯшона ва ношаффоф пеш мебаранд, ва аз ин ҷиҳат бо ҳам монанд ҳастанд.

Чин ва Тоҷикистон, сармоягузорӣ, санадҳои ҳамкорӣ, қарз ва грант, тиҷорати номувозин, ҳуши маснӯӣ, амният

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Are you human? Please solve:Captcha


Secret Link