Tajikistan News

NYT: ИМА ва Исроил барои оғози дубораи ҷанг

Ба навиштаи рӯзнома, ёварони наздики президенти ИМА Доналд Трамп нақшаи зарбаҳои навро ба Эрон барои он эҳтимол таҳия кардаанд, ки агар Вашингтон тасмим гирад, тавассути шиддат бахшидани таниш аз бунбасти мавҷуд дар низоъ бо Эрон берун шавад.

Миёни гузинаҳои баррасишаванда – бомбборони густурдатари зерсохтор ва иншооти низомии Эрон, инчунин амалиёти заминии эҳтимолӣ бо иштироки неруҳои махсус барои ёфтани захираҳои урани ғанишуда дар иншооти ҳастаии зеризаминӣ ҳастанд.

Барои чунин амалиёт, ба навиштаи NYT, ҳазорон низомӣ зарур мешавад.

Рӯзнома менависад, чандсад неруи низомии таъйиноти махсуси ИМА ҳанӯз моҳи март ба Ховари Миёна интиқол дода шуда буд.

Дар минтақа ҳамчунин бештар аз 50 ҳазор низомии амрикоӣ, ду киштии ҳавопаймобар, як новшикан ва даҳҳо ҳавопаймои ҷангӣ мавҷуд аст.

Худи Трамп ҳанӯз тасмими ниҳоие нагирифтааст, аммо баъди баргаштан аз Чин вай дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, пешниҳоди ахири Эрон дар мавриди ҳалли низоъ ӯро қонеъ накардааст.

“Ё онҳо созиш мекунанд, ё тору мор мешаванд”, – гуфт президенти ИМА.

Дар Теҳрон гуфтанд, омодаанд “ба ҳар гуна хушунат посух диҳанд”.

Раиси порлумони Эрон Муҳаммад Қолибоф навишт, Эрон “ба ҳама гуна гузинаҳо омода аст”.

Ба иттилои NYT, ҳоло миёнаравҳо талош доранд, созише ба даст оранд, ки имкони бозкушоии тангаи Ҳурмузро фароҳам оварад ва аз таниш пешгирӣ кунад.

ИМА ва Исроил 28 феврал ҳамла ба Эронро шуруъ карданд ва ҳадафи асосии ин амалиётро зарфияти ҳастаӣ ва мушакии Эрон номиданд.

Роҳбар ва чандин мақомдори Эрон кушта шуд.

Эрон дар навбати худ ба кишварҳои Халиҷи Форс зарба зад ва ҳамчунин тангаи Ҳурмузро баст, ки барои иқтисоди ҷаҳонӣ аҳамияти вижае дорад.

Ин иқдоми Эрон боиси гаронии қимати нафту газ дар бозори ҷаҳонӣ шуд.

ИМА, Исроил, Эрон, Доналд Трамп, тангаи Ҳурмуз, зарбаҳои нав, NYT

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Are you human? Please solve:Captcha


Secret Link