Tajikistan News

Афзоиши боҷи гумрукӣ барои ҳавополо ва таҷҳизоти рӯшанидиҳанда

Ҳукумати Тоҷикистон қарор кард, ки боҷи гумрукиро барои воридоти ҳавополо ва таҷҳизоти рӯшанидиҳанда аз моҳи июл ба таври қобили мулоҳиза боло барад.

Дар Тоҷикистон ҳаҷми боҷи гумрукӣ барои воридоти ҳавополои хона (кондитсионер) ва таҷҳизотҳои равшанидиҳанда зиёд мешавад.. Бар асоси қарори ҳукумат, шуруъ аз 1-уми июли имсол барои ворид кардани ҳавополо ба кишвар аз ҳар донаи он 15 евро боҷ ситонида мешавад.. Феълан ҳаҷми боҷи воридотӣ барои ҳар дона ҳавополо ҳамагӣ 5 евро аст.. Ин қарори ҳукумат тамоми намуди ҳавополоҳоро дарбар мегирад.. Тибқи дастури ҳукумат, ҳамчунин меъёри боҷи гумрукӣ барои қандил ё люстер ва дигар намуд таҷҳизотҳои рӯшанидиҳанда низ аз 15 то 30 евро зиёд мешавад.. Мақомот нагуфтаанд, ки ҳадаф аз боло бурдани ҳаҷми боҷи гумрукӣ барои ин маҳсулотҳо чист.. Дар гузашта мақомот сабаби айни ин корҳоро дастгирии соҳибкорони ватанӣ гуфта буданд.. Боло бурдани меъёри боҷи гумрукӣ барои ҳавополоҳо ва таҷҳизотҳои равшандиҳанда метавонад боиси боло рафтани нархи ин намуд маҳсулот ва зиёд шудани хароҷоти истеъмолкунандагон гардад.

Тоҷикистон, гумрук, боҷ, ҳавополо, иқтисод, тиҷорат, нархҳо

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Are you human? Please solve:Captcha


Secret Link