Tajikistan News

Тиҷорат дар гузаргоҳи марзии Тоҷикистону Узбекистон коҳиш ёфтааст

Маҳдудиятҳои нав дар гузаргоҳи марзии "Қуштегирмон" боиси коҳиши воридоти молу маҳсулот ва нигаронии тоҷирон аз фарқияти қонунгузории гумрукии Тоҷикистону Узбекистон шудааст.

Ин тоҷирон дар номае ба Радиои Озодӣ навиштанд, ки тибқи қарордод, Узбекистон иҷоза медиҳад, молу маҳсулот бо арзиши то 5 ҳазор доллари амрикоиро бидуни боҷи гумрукӣ содир кунанд, вале ҷониби Тоҷикистон бе санаду боҷи гумрукӣ онро қабул надорад.. Ба нақли сокинону мусофирон, ин гузаргоҳи байни Тоҷикистону Узбекистон мисли ҳафтаҳои қаблӣ серодам нест.. Дар наздикии гузаргоҳи “Қуштегирмон” мошинҳои боркаш чанд рӯз боз интизори молу маҳсулот аз Узбекистон ҳастанд, вале ронандаҳо мегӯянд, ки кормандони кумрук ба тоҷирон иҷозаи вуруд намедиҳанд.. Марғуба Шамшибоева, сокини ноҳияи Спитамен мегӯяд, “доду гирифт бошад, нағз аст, вале ҳоло маҳсулот кам ворид мешавад”.. Тоҷирон аз бими пеш омадани мушкил ба корашон дар назди дурбини Радиои Озодӣ изҳори назар накарданд, аммо мегӯянд, муносибати кормандони гумруки Тоҷикистон тағйир ёфтааст.. Ба қавли онҳо, то чанд рӯз пеш барои вуруди молу маҳсулоти муайян бидуни боҷи гумрукӣ иҷоза медоданд, аммо ҳоло боҷи гумрукӣ талаб доранд.. Тибқи муқаррароти ҷониби Узбекистон, сокинону тоҷирони маҳаллӣ ҳақ доранд молу маҳсулоти хешро бо арзиши то 5 ҳазор доллари амрикоӣ интиқол диҳанд, вале ҷониби Тоҷикистон инро қабул надорад.. Бахтиёр Қулдошев, сокини ноҳияи Спитамен мегӯяд, “Маҳсулоти бисёр гузаронидан иҷозат намедиҳанд.. Аммо барои меҳмонӣ рафтан, савғотӣ бурдан мумкин аст.. Нону ягон маҳсулоти дигар гузаронем, гап намезананд.. Аз он тараф ҳеҷ кас гап намезанад.. Ҳасиб ё сабзавот биёрем, тамоман монеа намешаванд”.. Кормандони Хадамоти гумрук дар гузаргоҳи “Қуштегирмон” дар назди дурбин масъаларо шарҳ надоданд, вале ҳузурӣ гуфтанд, ки бояд тоҷирон муқаррароти ҷониби Тоҷикистонро риоя кунанд.. Тибқи муқаррарот, ба Тоҷикистон бидуни боҷи гумрукӣ овардани мол ба кишвар назар ба нишондоди Узбекистон 5 маротиба камтар аст.. Ба ғайр аз ин, дар ҳудуди ноҳияи Спитамен деҳае мавҷуд аст, ки дар он даҳҳо шаҳрванди Узбекистон зиндагӣ мекунанд ва асосан онҳо ба ин кор машғул будаанд.. Чунин масъала дар нишасти хабарии Раёсати гумрук дар вилояти Суғд низ мавриди баҳс қарор гирифта буд.. Зафар Маҳмадиев, сардори Раёсати гумрук дар вилояти Суғд гуфт, “ҳуҷҷатҳояшонро дуруст пешниҳод кунанд.. Дар бозор агар 5 сомонӣ бошаду вай аз рӯи 50 дирам ҳуҷҷат биёрад, мо онро ба расмияти гумрукӣ дарорем?. Табиист, ки мошини ӯ меистад, мо бозорро мегардем.. Шаш усули муайян кардани бозор ҳаст.. Мо усули чорумашро барои мисол мегирем.. Мо аз бозор арзиши гумрукии ҳамон молро мегирем, чӣ қадар боҷи гумрукӣ супоридаст, чӣ қадар андоз супоридаст, бор кардану фаровардан, ҳамаашро тарҳ карда, арзиши гумрукии молро муайян мекунем.. Ин вақт мегирад”.. Тибқи омори расмӣ, додугирифт миёни Тоҷикистону Узбекистон соли 2025 назар ба як соли пеш 100 миллион доллар афзудааст.. Ҳаҷми воридоту содирот миёни ду давлат дар соли гузашта 423 миллион долларо ташкил додааст, ки 240 миллион доллари он ба содироти Узбекистон ба Тоҷикистон рост меояд.. Дар ин муддат Тоҷикистон ба Узбекистон 183 миллион доллар молу маҳсулот содир кардааст.. Бори аввал нест, ки масъалаи банд мондани мошинҳои боркаш ва молу маҳсулоти тоҷирон байни гузаргоҳҳои Тоҷикистону Узбекистон ба миён меояд.. Дар гузашта соҳибкорони узбекистонӣ ҳам шикоят карда буданд, ки маъмурони гумруки Тоҷикистон бо таъхир дар ҳуҷҷатгузорӣ барои воридоти молу маҳсулот монеагузорӣ мекунанд.. Маълум нест, радду бадалҳои ду ҷониб дар бораи мушкили гумрукӣ дар оянда ба каму зиёдшавии додугирифт таъсире хоҳад дошт ё не.

Тоҷикистон, Узбекистон, гузаргоҳи марзӣ, гумрук, тиҷорат, Қуштегирмон, иқтисод

Secret Link