Tajikistan News

Фестивали об дар Душанбе: Рӯйдоди муҳим дар доираи конфронси байналмилалӣ

Душанбе омодагии ҳамаҷониба мебинад, то дар доираи конфронси сатҳи баланди СММ Фестивали обро баргузор намояд, ки дар он дастовардҳои миллӣ ва иқтидори обии кишвар намоиш дода мешаванд.

ДУШАНБЕ, 09.05.2026 /АМИТ «Ховар»/.. 25 май дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ» дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» Фестивали об баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».. Дар фестивал аз ҷониби масъулини шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳунарҳои мардумӣ ва санъати дастӣ, маҳсулоти саноатӣ, аз қабили кандакорӣ дар чӯб, ҷавоҳирот, атлас ва адрасбофӣ, сабадбофӣ, ҳунари зардӯзӣ, чакан, гулдӯзӣ, муҳрабофӣ, инчунин хӯрокҳои миллӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ — меваҳои тару тоза ва хушк ба намоиш гузошта мешаванд.. Инчунин дар доираи фестивал таҳти унвони «Об–манбаи ҳаёти инсоният» барномаи фарҳангӣ ташкил карда мешавад.. Бояд гуфт, ки Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» аз 25 то 28 май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.. Конфронс бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд барои мусоидат ба пешрафт дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», ки бо қарори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 21 декабри соли 2016 эълон шудааст, баргузор мешавад.. Интизор меравад, ки дар конфронс намояндагони сатҳи баланди ҳукуматҳо ва кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, молиявӣ, муассисаҳои таҳқиқотӣ ва таълимӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин созмонҳои занон, ҷавонон ва кӯдакон иштирок намоянд.. Ҳамзамон иштирокдорони конфронс ба минтақаҳои Тоҷикистон рафта, манзараҳои табиати нотакрори Тоҷикистон, иншооти сайёҳӣ ва фароғатии мамлакатро тамошо менамоянд ва бо иқтидории обию энергетикии Тоҷикистон шинос мешаванд.. Дар доираи конфронс инчунин намоишгоҳи мавзуӣ оид ба захираҳои об ташкил карда мешавад.. Дар он имконоти обу энергетикаи Тоҷикистон ва истифодаи захираҳои об барои рушди иқтисодӣ муаррифӣ карда мешаванд.. Чунин чорабиниҳо бори дигар Тоҷикистонро ҳамчун яке аз кишварҳои дорои иқтидори бойи обӣ дар Осиёи Марказӣ ва пешрав дар соҳаи об ва тағйирёбии иқлим муаррифӣ менамоянд.. АКС аз бойгонӣ

Фестивали об, Душанбе, захираҳои об, конфронси байналмилалӣ, рушди устувор, Тоҷикистон, СММ

Secret Link